Ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан ба ҳаҷми будҷаи давлат баробар аст

Хабари хуб 26.12.2018 13:24

Ҳаҷми пулҳои ирсолшуда тавассути ашхоси воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон тай 9 моҳи аввали соли ҷорӣ ду баробар аз нишондоди содироти маҳсулот аз ин кишвар ба хориҷ дар 11 моҳи соли ҷорӣ, бештар аст.

Бино ба иттилоъи бонки марказии Русия, танҳо дар се моҳаи саввуми соли ҷорӣ ашхоси воқеъӣ ба Тоҷикистон 779 миллион доллар ирсол карданд. Ҳамин тариқ, дар 9 моҳи ҳамин сол шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 938 миллион доллар интиқол доданд.

Бар асоси оморҳо, дар 11 моҳи соли ҷорӣ содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷ аз ин кишвар ба 991 миллиону 200 ҳазор расидааст. Бахши аслии потенсиали содиротии Тоҷикистонро алюминийи аввалия ва нахи пахта ташкил медиҳад.

Алюминийи аввалия ва пахта ба хориҷ дар шакли хом содир карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳаҷми пулҳои ирсолшуда тавассути муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ тақрибан бо ҳаҷми будҷаи давлат дар 11 моҳ баробар аст.

Бар асоси гузориши вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми будҷаи давлатӣ тай моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 19 миллиарду 400 миллион сомонӣ (каме беш аз 2 миллиард доллар) бароварда шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97