Эмануел Ласкер тӯлонитарин рекорддори қаҳрамонии шатранҷи ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ӯ 150 сол қабл пеш ба дунё омад ва аввалин ва то кунун ягона қаҳрамони шатранҷбози Олмон аст; марде нобиға, ҳатто фаротар аз шатранҷ, аз ҷумла дар риёзиёт, фалсафа ва намоишноманависӣ.
Эмануел Ласкер дар 24 декабри соли 1868 дар шаҳри Берлиншани Олмон (Лаҳистони имрӯз) мутаваллид шуд. Ӯ дар 12 солагӣ назди бародари бузургтараш омад, ки дар Берлин пизишкӣ таҳсил мекард ва шатранҷро аз ӯ омӯхт. Ласкер ба таҳсили риёзиёт дар донишгоҳ пардохт ва доктории худро дар ҳамин ришта дарёфт кард ва таҳқиқоташро дар Амрико ва Англия дар суханрониҳое ироа дод. Ӯ бар сафҳаи шатранҷ яке пас аз дигаре бузургони ҷаҳонро шикаст дод.
Ласкер 100 сол пеш ҳаммонанди Эйнштейн машҳур буд. Ӯ қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон буд ва дар торихи шатранҷ ҳеч қаҳрамоне чун вай натавониста муддате тӯлонӣ мақоми қаҳрамониро барои худ ҳифз кунад. Ласкер ба муддати 27 сол, аз соли 1894 то 1921 қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон буд. Ӯ дар канори шатранҷ дар риштаи риёзиёт ба дараҷаи докторӣ расид ва китобҳои фалсафӣ навишт. Ҳатто намоишномае экспрессионистӣ низ аз ӯ дар даст аст. Ласкер, ки дар хонаводаи яҳудӣ таваллуд шуда буд, бо ба сари қудрат расидани фашистҳо дар Олмон аз кишвар гурехт ва дар Ню-Йорк даргузашт.