Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо насби арчаҳои баландтарин мехоҳанд Соли нави мелодиро бо шукӯҳ таҷлил кунанд

Хабари хуб 26.12.2018 09:56

Агарчи таҷлил аз Соли нави мелодӣ торихан хоси кишварҳои Осиёи Марказӣ нест, аммо ин кишварҳо бо насб ва ороиши арчаҳои баланд қасд доранд ин идро бо шукӯҳ истиқбол кунанд.

Насб ва ороиши арчаҳои солинавӣ дар пойтахти тамоми кишварҳои Осиёи марказӣ ба анҷом расид.

Рӯзи 9 ноябри соли равон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон насб ва ороиши арчаи солинавии 28-метрӣ ба анҷом расид.

Арчаи мазкур баландтарин дар таърихи кишвар ба ҳисоб меравад. Баландии ин арча 28 метр ва вусъаташ 13 метр будааст.

Дар таърихи Тоҷикистон арчаи насбшуда баландтарин маҳсуб мешавад.

Арчаи солинавии пойтахти Узбакистон бо беш аз ҳазор бозича оро дода шудааст. Ғайр аз ин дар атрофи арчаи бузург, чаҳор арчаи хурд ороста ва гузошта шудааст.

Дар майдони Ала-Тоои шаҳри Бишкек низ арчаи солинавӣ насб ва ороста шудааст. Баландии арчаи солинавӣ дар пойтахти Қирғизистон 27 метр вусъаташ 12 метр будааст.

Дар майдонҳо ва кӯчаҳои пойтахти Қазоқистон 45 арча ороста шудааст. Инчунин барои сокинони шаҳри Остона 23 майдони яхмолакбозӣ сохта шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97