Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии палатаи болоии порлумони Тоҷикистон гуфт, ки тақдири 345 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия "номаълум" аст.
Ӯ рӯзи 25-уми декабр дар нишасти аъзои Маҷлиси миллӣ дар Душанбе гуфт, ин гурӯҳи муҳоҷирон на ҳузури худро дар Русия қонунӣ кардаанд, на афв ва на ихроҷ шудаанд.
Ба тахмини мақомоти Тоҷикистон, маҳз аз хавфи ихроҷ ё "депортатсия" шудан аз Русия ба муҳлати панҷ сол, ин муҳоҷирон пинҳонӣ ба сар мебаранд.
Убайдуллоев дар идома тасреҳ кард: "шояд бисёре аз онҳо аллакай шаҳрвандии Русияро гирифтаанд".
Раиси Маҷлиси миллӣ инчунин хабар дод, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ 226 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда шудаанд ва "талошҳо барои афви ин афрод аз сӯи Думаи давлатии Русия идома дорад".
Бино ба иттилои расмӣ, беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Бонки марказии Русия хабар дод, ки ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта 2 миллиарду 536 миллион долларро ташкил додааст, ки назар ба соли 2016 600 миллион доллар зиёд аст.