Бино ба иттилоъи хабаргузории ТоҷикТа, аз аввали соли ҷорӣ гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) беш аз 2,6 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Агентии омори Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд, аз ин нишондод беш аз 2,1 миллиард доллари он ба воридоти молу маҳсулот аз кишварҳои узви СҲШ рост меояд.
Таъкид шудааст, ки дар 11 моҳи соли равон нишондиҳандаи гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳо ба истиснои Ҳиндустон мусбат будааст.
Аз моҳи январ то ноябри соли равон тиҷорати миёни Душанбе ва Деҳлӣ 22,4 дарсад коҳиш ёфта 17,2 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тибқи омори расмӣ, шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон, Русия, Чин ва Қазоқистон маҳсуб мешаванд. Дар 11 моҳи соли равон маблағи умумии мубодилаи тиҷорӣ бо ин кишварҳо 2,3 миллиард долларро ташкил додааст.
Чунин нишондиҳандаҳои баланд бо Узбакистон ва Қирғизистон низ ба сабт расидааст.
Таъкид карда мешавад, ки воридоти молу маҳсулот аз кишварҳои узви СҲШ ба Тоҷикистон нисбат ба содирот бештар аст. Дар ҳамин ҳол дар гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Узбакитсон содирот нисбат воридот бартарӣ доштааст.
Созмони ҳамкории Шанхай як созмони байналмиллалии давлатӣ аст, ки дар торихи 15 июни соли 2001 дар Шанхай Чин аз суи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шуд.
Дар нишасти ин созмон, ки дар торихи 8 ило 9 июни соли 2017 дар шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, Ҳиндустон ва Покистон узви доимии Созмони ҳамкории Шанхай шуданд.
Акнун Ирон, Афғонистон, Муғулистон ва Белорус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.
Туркия, Шриланка, Озарбойҷон, Непал ва Камбоҷия шарики гуфтугӯ бо ин созмон маҳсуб мешаванд..