Мизони андозбандӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан ду баробар бештар аст

Хабари хуб 25.12.2018 13:01

Тоҷикистон дар қатори нӯҳ кишваре қарор гирифт, ки сатҳи андозбандияшон бисёр сангин гуфта мешавад.

"Pricewaterhouse Coopers" як ширкати байналмилалии аудиториву машваратӣ дар гузориши вижае бо унвони “Paying Taxes-2019” гузориш додааст, ки меъёри умумии андоз дар Тоҷикистон 67,3 дар садро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки муодили 32,8 дарсад аст, тақрибан ду баробар бештар мебошад.

Дар ин рутбабандӣ, ки 190 кишварро фаро гирифтааст, меъёри андозбандии сангин дар қатори Тоҷикистон, дар 8 кишвари дигар; Ҷазираҳои Комор, Аргентина, Эритерия, Боливия, Гвинеяи Экваториалӣ, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Колумбия ва Афғонистон низ ба сабт расидааст.

Тибқи нишондодҳои ин гузориш, сарбории андоз дар Қирғизистон ба 29 дар сад, Қазоқистон – 29,4%,  Узбекистон ва Русия –32.1 дар сад баробар аст.

Бархе аз коршиносони умури иқтисод нишондодҳои ин рутбабандиро дар нисбати Тоҷикистон воқеъӣ арзёбӣ намуда, мегӯянд, барои он ки кишвар дар қатори давлатҳои низоми андозбандиашон вазнин ҷой нагирад, мақомот бояд фавран ислоҳоти воқеъиро дар ин росто амалӣ созанд.

Ҳарчанд мақомоти андози кишвар ба сангин будани бори андозҳо иқрор намешавад, вале масъалаи қатъи фаъолияти корхонаҳои истеҳсоливу ширкатҳои тиҷоратӣ чандин сол аст, ки таъкид мешавад.

Бино ба иттилоъи вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон тайи 9 моҳи ахири соли равон дар кишвар 141 корхона аз фаъолият боз мондааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97