Истеъмоли зиёди намак боъиси бемориҳои қалбӣ мешавад

Хабари хуб 25.12.2018 10:21

Коҳиши истеъмоли намак метавонад маргу мир аз бемориҳои қалбии вобаста бо натрий ва намакро ба нисф кам кунад.

Донишмандони чинӣ ин натиҷагириро пас аз анҷоми таҳқиқот дар вилояти Шандуни ин кишвар эълом карданд; ҷое, ки мардумаш намакро зиёд истеъмол мекунанд.

Таҳқиқот нишон дод, ки омили 20 дар сади маргу мири вобаста ба бемориҳои қалбӣ дар он вилоят, истеъмоли пай дар пайи режими ғизоии саршор аз намак ё ҳам ба гуфтаи авом ғизои шӯр буд.

Пизишкони чинӣ гуфтаанд, ки масрафи беш аз ҳадди намак сабаби мубтало шудан ба касалии қалб ва рагҳо, ба хусус баланд шудани фишори хун мешавад.

Донишмандон дар ин таҳқиқ иттилоъоти сиҳҳатии 13 ҳазор фарди байни 25 то 69 аз соли 2011 ба ин су ро ҷамъоварӣ ва таҳлил карданд ва пай бурданд, ки коҳиши масрафи намак дар ғизои бошандагони ин вилоят 12.5 грамм ба 9 грамм дар рӯз сабаб шуд, ки маргу мир аз маризиҳои қалбӣ, ки бо масрафи намак рабт дорад, 50 дар сад коҳиш ёбад.

Истеъмоли миёнаи намак дар Чин 11.9 грамм дар рӯз аст, дар ҳоле ки созмони ҷаҳонии сиҳҳат суфориш мекунад, ки афроди коҳил (танбал, бекор) бештар аз 5 грамм дар рӯз намак истеъмол накунанд.

Бар хилофи кишварҳои ғарбӣ монанди Амрико, ки бахши зиёди намаки мавҷуд дар ғизо аз маводи ғизоии аз тартиб ва бастабандӣ шуда ҳосил мешавад, ҳудуди 75 дар сад масрафи рӯзонаи намак дар Чин аз ғизоҳое, ки дар хона таҳия мешвад, ҳосил мешавад.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97