Маҳкамаи махсуси ҷароими муртабит ба фасоди идорӣ дар Покистон Навоз Шариф нахуствазири пешини ин кишварро ба иттиҳоми аз худ кардани маблағ ва фасоди идорӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳизби “Муслим лиг”-и марбут ба Навоз Шариф ин ҳукми маҳкамаро нодуруст эълом карда ва онро доғе бар домони низоми адлӣ ва қазоӣ дар Покистон унвон кард.
Шоҳид Ҳоқон Аббосӣ узви барҷастаи ҳизби “Мулим лиг”-и Навоз Шариф , ки пас аз барканории Шариф нахуствазири муваққати Покистон шуд, маҳкамаро ба судури ҳукми ҷазо ба як “қазияи дурӯғин” муттаҳам кард. Ӯ гуфт ки мардум ин ҳукмро нахоҳанд пазируфт.
Навоз Шариф соли гузашта ба хотири иттиҳомоти аз худ кардани пул ва фасоди идорӣ аз қудрат канор ронда шуд, ҳарчанд, ки вай ҳар гуна иттиҳомро рад мекунад.
Нахуствазири пешини Покистон муттаҳам аст, ки бештар аз моликиятҳои сабтшудаи худ ҷойдодҳои пинҳонӣ дар хориҷ аз Покистон доштааст. Аммо Навоз Шариф таъкид дорад, ки он ҷойдодҳо аз писаронаш аст, ки дар Лондон ба сар мебаранд.
Маҳкама дар моҳи июли соли ҷорӣ низ Шарифро ба хотири пинҳонкорӣ дар мавриди моликияти биноҳои муҳташам дар Лондон ба даҳ соли зиндон маҳкум кард. Аммо ӯ бо талаби афв ва дар моҳи сентябр ба қайди замонат аз зиндон раҳо шуд.