Тоҷикистон назорати омӯзиши динии шаҳрвандонаш дар хориҷро ташдид мекунад

Хабари хуб 25.12.2018 09:03

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои назорати бештари таҳсили динии шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷ ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тағйирот ворид кард.

Ҷаббор Ахмедов як намояндаи Маҷлиси намояндагон аз тағйирот ба  қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пуштибонӣ кард ва гуфт, ба хусус тағйироте, ки ба моддаи 9-и ин қонун пешбинӣ шудаанд, саривақтӣ ва зарурӣ мебошанд.

Ӯ изҳор дошт, ки  тибқи қонуни амалкунанда падару модар масъуланд, ки таҳсили фарзандашонро дар хориҷи Тоҷикистон бе ризояти хаттии мақомоти марбутаи давлатӣ иҷозат надиҳанд.

Ахмедов дар ин робита тасреҳ кард: “яъне, бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ, падару модар наметавонанд фарзандонашонро барои таҳсили динӣ ба хориҷи кишвар равон намоянд. Ин, албатта, сабабҳо дорад”.

Ӯ афзуд, яке аз сабабҳои асосии ба ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шомил гардидани ҷавонон таҳсили ғайрирасмии онҳо дар муассисаҳои динии Эрон, Афғонистон, Покистон, Мисри Араб мебошад.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон 3520 нафарро аз таҳсили динӣ дар кишварҳои хориҷӣ баргардондаанд, вале  ҳанӯз ҳам 282 нафар дар хориҷа ба таҳсили ғайрирасмӣ машғуланд.

Вакили парлумон дар ҷаласаи ахир аз он таассуф хӯрд, ки аз ҷумлаи ҷавонони ғайрирасмию ғайриқонунӣ таҳсилкарда як қисматашон ба ҳайси сархатибу имомхатиб дар масҷидҳои кишвар фаъолият намуда, бо созмонҳои террористию экстремистӣ пинҳонӣ робита доштаанд.

Ӯ мисол овард, ки дар солҳои 2015 – 2018 беш аз 20 нафар сархатибу имомхатибон дастгир карда шуданд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Ахмедов овардааст, ки маҳдудияти дар қонун пешниҳодшуда ҷавобгӯи талаботи моддаи 14-и Сарқонуни Тоҷикистон ва моддаи 18-и Паймони байналмалалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад, ки он бо мақсади таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқи ҷомеа раво дониста шудааст.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97