Қосим Хоҷаев муъовини раиси кумитаи гардишгарии Узбекистон тай як нишасти хабарӣ гуф: Тошканд ва Остона нақша доранд, ки дар моҳи феврали соли 2019 тарҳи раводиди муштараки “ҷодаи абрешим” (Silk visa)- ро мавриди иҷро қарор диҳанд.
Вай дар идома изҳор доштааст, ки “Silk visa” бо тамоми ниҳодҳои дахлдор мувофиқа шудааст ва ҳадафи он ҷалби бештари сайёҳон ба минтақа мебошад.
Ин мақоми бахши сайёҳии Узбакистон афзудааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон низ барои пайвастан ба “Silk visa” таваҷҷуҳ кардаанд.
Ҷониби Қазоқистон ният дорад, ки ба ин тарҳ Туркия ва Озарбойҷонро низ ҷалб намояд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Олим Салимзода раиси куумита дар робита ба корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоъоти парлумони Тоҷикистон ин ибтикорро хеле ҷолиб арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намуда буд, ки ҳукумат ва парлумони кишвар аз ин иқдом ҷонибдорӣ хоҳанд кард.
Олим Салимзода гуфт, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори чунин ташаббусҳо барои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар сурати татбиқи ин тарҳ сайёҳон метавонанд бо як раводид аз тамоми кишварҳои минтақа дидан намоянд.
Қаблан Дарига Назарбоева духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон ва мақомдори сенати ин кишвар ба Узбакистон пешниҳод карда буд, ки чунин як "раводиди абрешимӣ" ташкил карда шавад. Ӯ ҳадафи пешниҳодашро ҳавасмандгардонии сайёҳон аз хориҷи дур ба минтақаи Осиёи Марказӣ гуфта буд.