Коҳиши 3.6 дар садии ҳаҷми тавлиди маҳсулоти нассоҷӣ ва пӯшок дар Тоҷикистон

Хабари хуб 24.12.2018 11:27

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагӣ дар Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3,6 дар сад коҳиш ёфт.

Ин камии тавлид асосан аз ҳисоби коҳиши нахи пахта ба миқдори 7,3 фоиз ва тухмии пахта  ба мизони 12,3 фоиз будааст.

Дар айни ҳол, омори расмӣ нишон медиҳад, ки содироти нахи пахта аз аввали соли ҷорӣ ба хориҷа ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст. Дар ин давра, ҳаҷми фурӯши нахи пахта тақрибан 150 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56,7 фоиз ё бештар аз 54,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Афзоиши содироти пахтаи хом дар пасманзари баёнияҳои идороти давлатии марбута ва як барномаи пурраи коркарди пахта дар дохили Тоҷикистон идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2007 Тоҷикистон як барномаеро қабул кард, ки бар тибқи он коркарди нахи пахта то соли 2015 бояд дар дохили ин кишвар мавриди иҷро қарор мегирифт.

Аммо бо ба поён расидани ин давра ниҳодҳои марбутаи иҷтисодии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки ин баронома татбиқ нагардид. Ин барнома ваъда дода буд, ки даромади хуб ва ҳудуди 40 ҳазор ҷои корӣ эҷод хоҳад кард.

Акнун, тибқи стратегияи рушди саноъати Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 ин кишвар аз соли 2025 ният дорад, ки давраҳои пурраи коркарди пахтае, ки дар кишвар истеҳсол мешавадро роҳандозӣ кунад.

Тибқи иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар соли гузашта тақрибан 386,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст (аз 3 кг пахтаи хом 1 кг нах тавлид мешавд). Ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар 17,1 ҳазор тонна буд. Маблағи содироти нахи дар соли 2017 беш аз 121 миллион долларро ташкил медод.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97