Эҳтимоли сар задани ҷанги ҷаҳонии саввум аз чаҳор макони дунё

Хабари хуб 24.12.2018 10:09

Нашрияи “National Interest” дар гузорише ба муъаррифии чаҳор макони дунё, ки ҷанги ҷаҳонии саввум метавонад аз он ҷо шуруъ шавад, пардохт.

Ин нашрия бо баёни ин ки ҷанги ҷаҳонии саввум дар соли 2019 метавонад дар чаҳор макони дунё шурӯъ шавад, менависад: “дарёи ҷанубии Чин, Украина, Халиҷи Форс ва нимҷазираи Корея доғтарин манотиқе астанд, ки ҷанги ҷаҳонии саввум метавонад аз он ҷо шурӯъ шавад.

Яке аз нуқоти доғ ба навиштаи ин нашрия, дарёи ҷанубии Чин аст, ки дар он руёрӯӣ миёни Амрико ва Чин сабаби ҷанги тиҷорӣ бо якдигар шудааст. То кунун муборизаи онҳо танҳо дар чорчӯби таҳримҳои иқтисодӣ ва ихтилофи таъруфаҳо сурат мегирад. Аммо дар сурати вахим (бадтар) шудани равобит миёни ин ду кишвар ҷанг мумкин аст фаротар аз ин бошад.

Минтақаи дуввум ба навиштаи ин нашрия, Украина аст. Ин рӯзнома ба ҳодисаи ахир дар тангаи (гулӯгоҳ) Керч ишора мекунад ва хотирнишон месозад, ки ин боъиси афзоиши таниш дар минтақа шудааст. Русия бо эҳтимоли зиёд алоқаманд ба “нақзи вазъият”-и қабл аз интихобот дар Украина нест. Вале бо таваҷҷуҳ ба танишҳои мавҷуд байни Русия ва Амрико ҳатто як бархӯрди кӯчак метавонад вазъиятро дар минтақа ба чолиши ҷиддӣ кашад.

Халиҷи Форс низ нуқтаи саввум маҳсуб мешавад. Дар ин ҷо фишорҳои иқтисодии Амрико ва Ирон ва ҳамчунон даргириҳои Яман ва Сурия  рӯ ба афзоиш аст. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти стратегии ин минтақа, ҳар гуна бесуботӣ дар ин ҷо метавонад сабаби як даргирии шадид миёни Амрико, Русия ва ҳатто Чин шавад.

Нуқтаи чаҳорум таниш нимҷазираи Корея аст, ҳатто бо вуҷуди барномаҳои сулҳи ахири Амрико ва Кореяи шимолӣ равобит байни Вашингтон ва Пхенян метавонад ҳар лаҳза бадтар шавад, илова бар ин, дигар бозикунони муҳимм Чин ва Ҷопон низ дар мавриди масъалаи Корея ихтилофи назар доранд.

Ин нашрия дар хотима навиштааст, ки аз байн рафтани равобити миёни Амрико ва Чин дар оянда барои пешбинӣ мушкил аст ва нуқоти доғ  дар тӯли замон мумкин аст дар дигар манотиқ ба вуҷуд ояд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97