Вазорати дифоъи Афғонистон аз дубора фаъол шудани пойгоҳҳои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ё ба иборати дигар ДОИШ дар шимоли ин кишвар, ки дар ҳаммарзӣ бо Тоҷикистон қарор дорад, изҳори нигаронӣ кардааст.
Алимуҳаммад Аҳмадзай фармондеҳи воҳиди низомии 209-уми вазорати дифоъи Афғонистон дар ин замина гуфт, ДОИШ талош дорад марказҳои худро дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон дубора эҷод кунад. Баъзе аз вилоятҳои шимолии Афғонистон дар ҳаммарзӣ бо Тоҷикистон қарор доранд.
Ӯ зимни гузориш бо радиои Озодӣ гуфт: “дар бораи ДОИШ ман қаблан ҳам гуфтаам ва боз ҳам мегӯям, ки ин гурӯҳ дар вилояти Бадахшон, Форёб ва Ҷузҷон дар ҳоли таҷаммуъ аст”.
Аҳмадзай афзуд, неруҳои Афғонистон дар чанд моҳи ахир ҳамроҳ бо неруҳои байналмилалӣ борҳо ба мавзеъҳои гуногуни ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ анҷом доданд, аммо ин гуруҳ дар шимол маҳв нашудааст ва ба фаъолиятҳои террористиаш идома медиҳад.
Ба қавли ин мақоми аршади низомии афғон, “ҷангҷӯёни ДОИШ аз мушовирони хориҷиашон тамрину омӯзиш мегиранд ва дар садади густариши доманаи фаъолияти худ ҳастанд”.
Баъзе аз коршиносони афғон заъиф шудани ДОИШ дар Афғонистонро таъйид мекунанд, вале мегӯянд, ҷангҷӯёни гуруҳ шеваи фаъолияташонро тағйир дода, аз ҷанги ошкоро ба пинҳонкорӣ гузаштаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки се рӯз пеш дар рӯзи 20-уми декабр Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия аз хатари густариши фаъолияти ДОИШ ҳушдор дод ва гуфт, “хатари он вуҷуд дорад, ки ДОИШ ва гуруҳҳои мисли он аз Сурия ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла, Афғонистон паҳн шаванд".
Ӯ ДОИШ-ро як хатари азиме барои ҳама номид ва гуфт, то замоне, ки авзоъ дар Афғонистон ноамн мемонад, “мо маҷбур мешавем, пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон тақвият бахшем.