Ҷашни шаби Ялдо ё дарозтарин шаби сол танҳо мухтаси ирониён нест; дар бисёре аз кишварҳо ва фарҳангҳои дигар низ ин шабро бо хӯрокиҳо ва ғизоҳои махсус ҷашн мегиранд.
Шаби Ялдо ба чи маъност?
Номи “Ялдо” аз вожаи суриёнӣ ба маънои зоиш гирифта шудааст. Шаби Ялдо ба дарозтарин шаби сол гуфта мешавад ва рӯзи баъд аз он, яъне аввали даймоҳ мусодиф бо шаби “инқилоби зимистонӣ” дар нимкурраи шимолии Замин аст, ки дар илми ахтаршиносӣ ба замоне итлоқ мешавад, ки хуршед дар пойинтарин ҳадди худ дар осмон ва камтарин зовия бо замин қарор дорад.
Чи кишварҳое дарозтарин шабро ҷашн мегиранд?
Ирониён аз дер боз дар шомгоҳи рӯзи 30-уми озар (21 декабр) ҷашни Ялдо ё шаби Чилларо баргузор мекунанд. Дар ин шаб хонаводаҳо ва дӯстон даври ҳам ҷамъ шуда ва ба ривояти достону хондани шеър мепардозанд. Хӯрокиҳои ирониён дар ин шаб шомили анор, тарбуз ва оҷили ширин аст.
Бархе фарҳангҳои бостонӣ ва мазҳабӣ дар саросари дунё, маросими хосе барои дарозтарин ва кӯтоҳтарин шаби сол ба маънои шуруъи зимистон ва тобистон доранд. Барои бисёре аз ин фарҳангҳо инқилоби тобистонӣ ва зимистонӣ бо мафҳуми нур ва бозгашти хуршед гиреҳ хӯрдааст.
Мардуми Перу дар ин шаб барои хуршед қурбонӣ мекунанд ва мардуми курраи ҷанубӣ ва Чин низ дарозтарин шаби солро бо хӯрдани ғизоҳои гарм шомили лубиёи сурх ва биринҷ ва ҳамчунин меваҳои хос ҷашн мегиранд.
Дар ҷануби Англия низ дар ин шаб мардум ба минтақаи бостонии Стоунхенҷ мераванд ва бо рақсу овоз онро ҷашн мегиранд.