Афзоиши сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон

Хабари хуб 22.12.2018 09:32

Дар муқоиса бо соли гузашта, имсол дар Тоҷикистон сатҳи бекорӣ 13,2 фоиз боло рафтааст.

Бино ба иттилоъи хабаргузории ТоҷикТа, дар Тоҷикистон шумораи бекорон дар аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ 51,5 ҳазор нафарро ташкил намудааст.

Ин манбаъ меафзояд: “дар моҳи октябри соли 2018 ба вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар 5,9 ҳазор нафар бо дархости ҷои кор муроҷиат намудаанд, ки ин нишондиҳанда 13,2 фоиз аз миқдори ҳаминвақтаи соли гузашта зиёдтар аст. Аз ин миқдор 3,7 ҳазор бекорон қобилияти меҳнатӣ доштаанд”.

Ҷойҳои холии корӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,7 дарсад зиёд шуда, 9,2 ҳазорро ташкил кардаанд. 2,4 фоиз ва ё 3,9 ҳазор ҷойҳои кории холӣ аз рӯи ихтисос пешниҳод шудаанд.

Шумораи бекорони ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуда дар ин ниҳод 51,5 ҳазорро ташкил карда ба миқдори 0,8% нисбати ҳамин давраи соли гузашта боло рафтааст.

Бар асоси ин гузори,  49,2 дар сади шумораи  бекорони ба таври расмӣ ба сабт расидаро занон ташкил кардаанд. Сатҳи бекорони ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуда аз нигоҳи иқтисодӣ 2,2% аҳолии фаъоли  кишварро  ташкил дадааст.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97