Ҳадди миёнаи маъош дар Тоҷикистон 138 долларро ташкил медиҳад

Хабари хуб 21.12.2018 13:27

Ҳадди миёнаи маъош дар Тоҷикистон дар моҳи октябри соли ҷорӣ то 1 ҳазору 302 сомонӣ муъодили 138 доллар афзоиш ёфт.

Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ маъоши кормандон дар саросари кишвар бо 14 дар сад афзоиш 1 ҳазору 265 сомонӣ муъодили 134 долларо ташкил дод.

Мизони маъоши воқеъӣ бо дар назар гирифтани таваррум дар моҳи октябри соли 2018 дар муқоиса бо соли гузашта 2.1 дар сад рушд кардааст.

Болотарин маъош дар Тоҷикистон марбут ба кормандони бонкҳо буда ва 3 ҳазору 186 сомонӣ муъодили 338 доллар аст.

Коргарони бахши маъдан бо 2 ҳазору 551 сомонӣ муъодили 270 доллар дар мақоми дуввум, коргарони сохтумон 2 ҳазору 476 сомонӣ (263 доллар) дар ҷои саввум ва коргарони бахши энержӣ ва об бо дастмузди 1 ҳазору 546 сомонӣ (164 доллар) дар мавқеъияти чаҳорум қарор доранд.

Камтарин маъош дар Тоҷикистон марбут ба коргарони бахши кишоварзӣ буда ва 541 сомонӣ муъодили 57 доллар бароварда шудааст.

Пойинтарин хадди миёнаи маъош дар кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ дар соли гузаштаи марбут ба Тоҷикистон бо 137 доллар будааст.

Барои мисол маъоши миёнаи моҳона дар Қазоқистон 459.1 доллар, Русия 421.9 доллар, Озарбойҷон 306.7 доллар, Молдавия 308.4 доллар, Украина 272.9 доллар ва Қирғизистон 216.3 доллар бароварда шуда буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97