Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе дастури оғози коҳиши сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро содир кард.
Дар ҳоли ҳозир беш аз 14 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон мустаққар аст. Рӯзномаи “Wall Street Journal” ба нақл аз як мақоми амрикоӣ гузориш додааст, ки раванди хурӯҷи беш аз ҳафт ҳазор сарбози амрикоӣ аз Афғонистон то чанд ҳафтаи оянда оғоз хоҳад шуд.
Трамп дар ҳоле дастури коҳиши сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро содир кард, ки Зулмай Халилзод намояндаи вижаи Вашингтон барои раванди сулҳи Афғонистон ахиран бо намояндагони гурӯҳи Толибон дар Абузабӣ пойтахти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот кард.
Ҳарчанд музокироти Абузабӣ бидуни кадом тавофуқ поён ёфт, аммо манобеъи огоҳ мегӯянд, ки ин музокирот рӯи эҳтимоли эъломи оташбас аз суи Толибон дар бадали таъаҳҳуди Амрико ба хотири тасмимгирӣ дар мавриди идомаи ҳузури низомии ин кишвар дар Афғонистон баҳс шуд.
Як манбаъи дигар ба ин рӯзнома гуфта, ки мумкин гурӯҳи Толибон дар вокуниш ба коҳиши сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон ба хотири нишон додани “ҳусни ният”- и ин гурӯҳ ба музокироти сулҳ, даст ба иқдоме бизанад.
Лаҳазоте пас аз нашри хабари коҳиши сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон, Ҷим Метис вазири дифоъи Амрико аз симматаш истеъфо дод.
Ҷим Метис яке аз ҳомиёни аслии ҳузури низомии қавии Амрико дар Афғонистон буд.
Вай дар истеъфономаи худ нигошта, ки Трамп бояд фардеро ба ҳайси вазири дифоъи ҷадиди Амрико интихоб кунад, ки бо вай ҳамназар бошад.