Лағви “феҳристи сиёҳ”- и ифротиҳо дар Узбекистон: 20 ҳазор нафар аз ин феҳрист хориҷ карда шуданд

Хабари хуб 21.12.2018 09:43

Додситонии кулли Узбекистон хабар медиҳад, ки "рӯйхати сиёҳ"-и афроде, ки дар ифротгароӣ муттаҳам мешуданд, дигар вуҷуд надорад.

Эркин Юлдошев муовини додситони кулли Узбекистон рӯзи гузашта бо баёни ин ки "рӯйхати сиёҳ"-и афроде, ки қаблан ба ифротгароӣ муттаҳм мешуданд, бекор гардид, афзуд, усулҳои мубориза бо тундгароӣ дар Ӯзбекистон тағйир меёбанд.

Вай дар идома тасреҳ кард: "қабули қонун дар бораи мубориза бо ифротгароӣ дар Узбекистон, ки чанде пеш қабул шуд, шаҳодати он аст, ки усулҳои мубориза бо терроризму тундгароӣ дар ин кишвар тағйир меёбанд ва таваҷҷуҳ бештар ба ҷилавгирии ин падида равона мешавад”.

Соли 2017 Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба таври расмӣ эълон кард, ки "рӯйхати сиёҳ"-е вуҷуд дорад. Он замон Мирзиёев пешниҳод карда буд, афроде, ки изҳори пушаймонӣ мекунанд, аз рӯйхат хориҷ карда шаванд.

Мирзиёев зимни як суханроние бахшида ба 26-солагии қабули қонуни асосии ин кишвар рӯзи 8 декабр гуфт, бештар аз 20 ҳазор одам аз "рӯйхати сиёҳ" хориҷ карда шудаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97