Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии вазорати умури хориҷаи Узбекистон, Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури ин кишвар қонун “дар бораи таъйиди тавофуқномаи ҳамкории стратегии миёни Узбакистон ва Тоҷикистон”-ро ба имзо расонд.
Алишер Курманов раиси кумитаи сенати Узбекистон дар робита ба масоили муносибатҳои байнулмилалӣ, ба имзо расидани ин тарҳро баёнгари сиёсати хориҷии мутамаркази кишвараш барои тақвияти бештари ҳусни ҳамсоягӣ ва дӯстии Тошканд бо кишварҳои ҳамҷавор унвон кард.
Тавофуқномаи ҳамкории стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 17 августи соли ҷорӣ зимни сафари расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Тошканд имзо шуда буд.
Он замон дар ҷараёни гуфтушунидҳо руасои ҷумҳури ду кишвари ҳамҷавор 27 санади ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои гуногуни сиёсату иқтисод, саноъат, маъориф, фарҳангу илм ва дигар заминаҳо ба имзо расониданд.
Маврид ба зикр аст, ки 30 ноябри соли ҷорӣ ин тавофуқнома аз суи палатаи қонунгузори (поёнӣ) Олий Маҷлис (парлумон)-и Узбакистон мавриди таъйид қарор гирифт ва 13 декабри ҳамин сол Сенат (палатаи болоӣ) ин кишвар онро тасдиқ кард.