Пас аз музокироти Амрико бо Толибон: Русия дар садади тақвияти пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон шуд

Хабари хуб 21.12.2018 08:38

Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия бо тавзеҳи музокироти ахири Амрико бо Толибон, ки дар дар Абузабӣ баргузор шуд, гуфт: Русия пойгоҳи низомиашро дар Тоҷикистон то беҳбуди вазъият дар Афғонистон тақвият хоҳад дод.

Раиси ҷумҳури Русия таъкид кард, ки Амрико бо гурӯҳи тундрави “Толибон” (фаъолияташ мамнӯъ дар Русия) музокирот дорад.

Вай бо баёни ин ки музокирот бояд ба таври ошкор сурат гирад, афзуд: "шояд ин ногузир бошад, вале бояд мавзуъи ин музокиротро дарёфт ва натоиҷашонро пешбинӣ кард... Вале то он замон мо ногузирем пойгоҳи низомиамон дар Тоҷикистонро тақвият бахшем".

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия аксарияти мардуми Афғонистон баронанд, ки вазъ дар кишвар хуб нест.

Вай дар хотима тасреҳ кард: “натиҷаҳои интихобот тӯли моҳҳо ҳисоб карда мешаванд. Мақомоти расмии Афғонистон танҳо аз се як ҳиссаи ҳудуди Афғонистонро таҳти контрол дораду халос”.

Маврид ба зикр аст, ки даргириҳо миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши Толибон тай солҳои ахир ҳамоно идома дорад.

Бино ба иттилои расмӣ, ҷунбиши Толибон наздик ба 50 дарсади Афғонистонро таҳти контрол гирифтаанд. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97