Месси барои панҷумин бор “бутсии тиллоӣ”-ро соҳиб шуд ва аз Роналду пеш гузашт

Хабари хуб 20.12.2018 09:54

Бино ба иттилоъи сомонаи расмии бошгоҳи футболи "Барселона",.Лионел Месси ҳамлагари дастаи "Барселона"-и Испания, ҳамчун нишонзани беҳтарини мусобиқаҳои қаҳрамонии аврупоӣ дониста шуда ба ӯ ҷоизаи "Бутсии тиллоӣ" тақдим гардид.

Барандаи ҷоизаи "Бутсии тиллоӣ" аз рӯи шумораи тӯбҳои задашуда муайян карда мешавад. Дар мавсими 2017/18 Месси дар 36 бозии қаҳрамонии футболи Испания 34 гол зада, беҳтарин нишонзан гардидааст.

Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқаҳои қаҳрамонии аврупоӣ Муҳаммад Салоҳ аз "Ливерпул"-и Англия бо 32 гол мақоми дувум ва Ҳарри Кейн аз "Тоттенҳэм"-и Англия бо 30 гол мақоми севумро ишғол карданд.

Пештар Месси ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқаҳои қаҳрамонии аврупоиро дар солҳои 2010, 2012, 2013 ва 2017 ба даст овардааст. Ба ин тартиб, Мессии аргентинӣ рекорд гузошт ва аз Криштиану Роналдуи португолӣ аз "Ювентус"-и Италия, ки чор бор барандаи "Бутсии тиллоӣ" шудааст, пеш гузашт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97