Афзоиши 4.1 дар садии тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018

Хабари хуб 20.12.2018 09:36

Дар соли 2018 ҳаҷми тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 дарсад зиёд шудааст.

Бино ба иттилоъи хабаргузории ТоҷикТА бо истинод аз Агентии омори Тоҷикистон, аз аввали соли 2018 ҳаҷми тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 2,5 миллиард доллар расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 4,1  дарсад боло мебошад.

Ин манбаъ афзудааст, ки дар соли 2018 рушди соҳаи растанипарварӣ 3,6 дарсад ё 261 миллион долларро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи чорводорӣ 5,4 дарсад (то 96,3 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Агентии омори Тоҷикистон ҳамчунин гузориш додааст, ки то 1 декабри соли 2018 дар ҷумҳурӣ 1,2 миллион тонна ғалладона, наздик ба 300 ҳазор тонна нахи пахта ва беш аз 954 ҳазор тонна картошка ҷаъмоварӣ шудааст.

Тибқи маълумоти қаблӣ, дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти кишоварзӣ 1,4 миллиард долларо ташкил медод.   

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97