Дар ҷаласаи Шӯрои миллиии мубориза бо коррупсия таъкид гардид: фасод дар Вазорати маориф афзоиш ёфтааст

Хабари хуб 20.12.2018 08:53

Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия бо ҳузури вазирону раисони кумитаҳоро баргузор кард.

Тибқи гузориши расмӣ, дар ҷаласаи Шӯрои миллӣ татбиқи стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Махсусан ба бартарафсозии сабабу шароитҳои мусоидаткунанда ба фасодкорӣ дар мақомоти маҳаллӣ ва вазорату кумитаҳо муҳокима шудааст.

Зимни ҷаласа таъкид гардидааст, ки фасодкориҳо дар сохтори Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳукумати Хатлон афзоиш ёфтаанд.

Расулзода бо шунидани гузориши роҳбарони ин ниҳодҳо барои бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ дастур додааст.

Аз ҷумла иродаи сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон зикр шудааст, ки алайҳи фасодкорӣ ва таҳкими мубориза бо ин зуҳурот равона шудааст.

Инчунин нақшаи кории Шӯрои миллии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои соли 2019 тасдиқ гардид.

Зикр шудааст, ки ҳадафи стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013 – 2020, паст кардани сатҳи коррупсия дар кишвар, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97