Олмониҳо камтар аз гузашта китоб мехаранд

Хабари хуб 13.12.2018 15:33

Дар соли гузашта ниме аз хонаводаҳои олмонӣ китоб хариданд. Фурӯши китоб то 11 дар сад коҳиш доштааст. Мисли ҳама кишварҳо дар Олмон низ фурӯши китобҳои электронӣ рӯ ба афзоиш аст.

Шаҳрвандони Олмон ба нисбати даҳ сол пеш камтар китоб мехаранд. Дар соли гузашта 54 дар сади хонаводаҳои олмонӣ китоб харидаанд, шомили китобҳои коғазӣ ва электорнӣ.

Ба гузориши идораи саросарии омор, даҳ сол пеш аз ин, яъне дар соли 2007 65 дар сад аз мардум китоб хариданд.

Ба таври куллӣ мардум миқдори камтаре аз сабади хариди худро ба китоб ихтисос додаанд. Дар соли 2007 ҳар хонаводаи олмонӣ ба таври миёна 19 евро ба хариди китоб ихтисос дод, дар ҳоле, ки дар соли 2017 ҳар хонвода ду евро камтар, яъне 17 евро сарфи хариди китоб кардааст.

Дар ҳамин ҳол фурӯши китобҳои электронӣ ва рақамӣ рушд доштааст. Беш аз яку ним миллион хонаводаи олмонӣ дар соли 2017 китоби электронӣ харидорӣ кардаанд, яъне ҳудуди ҳашт дар сади касоне, ки харидори китоб ҳастанд.

Дар соли 2014 танҳо андаке беш аз як миллион хонавода, яъне ҳудуди танҳо панҷ дар сад аз ҷамъияти китобхон, китоби электронӣ таҳия карданд.

Бино ба гузоришҳои мавҷуд дар соири кишварҳои аврупои ғарбӣ низ гароиши мушобеҳе қобили мушоҳида аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97