Мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон ба финали мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ ёфт

Хабари хуб 11.12.2018 08:45

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар риштаи футзал (U-20) ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019, ки соли оянда дар Эрон баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд, дар пайи даври интихобии қаҳрамонии Осиё – 2019 ба даври ниҳоӣ тимҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Либия, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Ҷопон Тайбэйи Чин, Таиланд, Ветнам ва Индонезия роҳхат гирифтанд.

Дастаи Эрон, ба ҳайси мизбон дар даври интихобӣ берун аз озмун баромад кардааст.

Дуюмин мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи футзал соли оянда дар Эрон бо иштироки 12 даста баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа баъди қуръапартоӣ се гуруҳи иборат аз 4 тим ташкил хоҳанд шуд.

Маврид ба зикр аст, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои баромадан ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 дастаи пурқуввати ҷавонони Узбекистонро бо ҳисоби 7 бар 4 ба шикаст рӯ ба рӯ карданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97