Пешниҳоди манъи воридоти дору тавассути бахши хусусӣ аз суи як намояндаи порлумони Тоҷикистон

Хабари хуб 10.12.2018 08:37

Анвар Тағоймуродов намояндаи парлумони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки воридоти доруворӣ аз ҷониби бахши хусусӣ манъ карда шавад

Тағоймуродов, ки дар гузашта дар мақомҳои баланди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кор кардааст, барои ҷилавгирӣ аз роҳ ёфтани доруҳои ғайристандартӣ ба бозори кишвар, зарур донист, ки ба воридоти дору танҳо ниҳодҳои давлатӣ машғул шаванд. 

Ин намояндаи тоҷик зимни ҷаласаи ахири порлумон изҳор дошт: “бо мақсади пешгирии ворид намудани дорувории ғайристандартӣ ва муҳлати истифодааш гузашта хуб мебуд ворид намудани доруворӣ ва дигар маводи фармасевтӣ аз ҷониби сектори хусусӣ манъ карда, ба зиммаи мақомоти салоҳиятдори давлатӣ гузошта шавад. Баъд дар дохили ҷумҳурӣ маводи доруворӣ ба сектори хусусӣ пешниҳод ва тақсим карда шавад”.

Бино ба иттилоъи нашрияи парлумонии “Садои мардум”, Насим Олимзода вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки феълан дар кишвар 265 ширкат ба воридоти доруворӣ ва дигар маводи фармасевтӣ машғул мебошанд.

Вай изҳор дошт: “аз ҷумла, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 106 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, тибқи иҷозатнома, маводи доруворӣ ворид намудааст”.

Дар ин робита Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зарур хондааст, ширкате, ки соҳиби иҷозатнома аст, бояд тамоми масъулият ба зиммаи он гузошта шавад.

Насим Олимзода инчунин изҳор доштааст, ки бозори дору дар кишвар озод аст ва феълан теъдоди дорухонаҳо дар Тоҷикистон ба 2450 адад баробар мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97