Шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид метавонанд ба 62 кишвари ҷаҳон сафар кунанд

Хабари хуб 03.12.2018 12:54

Бар асоси рутбабандии “Passport Index” дар мавриди шиносномаҳои миллӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни виза ҳаққи сафар кардан ба 62 кишвари ҷаҳонро доранд.

Ин марказ афзудааст, ки беҳтарин шиносномаро шаҳрвандони Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) соҳибанд.

Дар ҳоли ҳозир соҳибони ин шиноснома ба 167 кишвари дунё бидуни раводиди (виза) сафар карда метавонанд.

Ҷои дуюмро дар ин раддабандӣ Сингапур ишғол кардааст. Дорандагони шиносномаи ин кишвар метавонанд ба 166 кишвар бидуни  раводид сафар кунанд. Шаҳрвандони Олмон низ ба ҳамин қадар кишвар метавонанд бидуни раводиди пешакӣ сафар кунанд. 

Русия дар ҷои 38-ум қарор гирифтааст. Шаҳрвандони Русия ба 116 кишвар бе доштани раводид сафар мекунанд.

Тоҷикистон дар ҷои 69 қарор гирифтааст ва шаҳрвандони кишвар ба 62 мамлакати дунё бе гирифтани раводид сафар мекунанд.

Узбакистон бошад дар ҷои 68 қарор гирифтааст ва шаҳрвандонаш ба 63 кишвар бе доштани раводид сафар мекунанд.

Мувофиқи ин раддабандӣ шаҳрвандони Афғонистон ба 29 кишвари дунё бе доштани раводид сафар мекунанд.

Раддабандии Passport Index кишварҳоеро ба ҳисоб гирифтааст, ки шаҳрвандонашон бе раводиди пешакӣ ва ё дар рафти сафар ҳангоми воридшавӣ ба давлати хориҷӣ ин раводидро ба даст меоранд.

Ин марказ дар хотима тасреҳ кардааст: “Ин ягона раддабандии шиносномаҳои ҷаҳонӣ буда, мувофиқи тартиботи вақту замон бо ивазшавии қоидаву қонуни кишварҳо ин ҳам ҳисоботашро нав мекунад”.

Дар раддабандӣ ҳамагӣ 193 кишвари аъзои СММ ва шаш минтақа (Тайван, Макао, Гонконг, Косово, Фаластин ва Ватикан) ба ҳисоб гирифта мешаванд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97