Доналд Трамп раиси ҷумҳури Омрико эълом кард, ки барномаи дидор бо Владимир Путин дар ҳошияи нишасти сарони гурӯҳи 20 ро ба далели бӯҳрони Укроин лағв мекунад.
Трамп дар ҳоле хабари лағви дидор бо ҳамтои русии худро дод, ки камтар аз як соъат қабл аз он гуфта буд: “нишасти сарони 20 фурсати бисёр хубе барои мулоқот бо Путин аст”.
Раиси қумҳури Омрико мегӯяд, умедвор аст дар оянда ва замоне, ки бӯҳрони Укроин ҳалл шуд, бо раиси ҷумҳури Русия як дидори воқеъӣ баргузор кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки соъоте пеш аз эъломи мавзеъи ниҳоӣи Доналд Трамп дар бораи мулоқот бо Владимир Путин дар Аргентина Дмитрий Песков сухангӯи Кремлин тай суханоне нисбат ба қатъӣ будани ин дидор ибрози итминон карда ва тасреҳ карда буд: “ин мулоқот зуҳри рӯзи шанбе ниҳоӣ ва муддати он ҳудуди як соат таъйин шуд”.
Вай ҳамчунин дар робита ба ин мавзуъ изҳор дошт, ки Вошингтон низ ин барномаро таъйид кардааст.
Дмитрий Песков сухангӯи Кремлин ҳоло пас аз эъломи лағви ин дидор мегӯяд, ки Маскав ҳеч иттилоъоти расмӣ мабнӣ бар тасмим ҷадиди раиси ҷумҳури Омрикоро дарёфт накардааст ва аз ин ҷараён бе иттилоъ аст.
Раиси ҷумҳури Омрико рӯзи панҷшанбеи гузашта дар вокуниш ба бӯҳрони эҷодшуда миёни Русия ва Укроин дар баҳри Сиёҳ таҳдид карда буд, ки дидори пешбинишудаи худ бо Владимир Путинро дар ҳошияи нишасти гурӯҳи 20 лағв мекунад.