Эҳтимоли болоравии қимати то беш аз 10 долларӣ барои як симкорт дар Тоҷикистон

Хабари хуб 30.11.2018 08:32

Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба гуруҳи вижа аз Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, ки нархи як симкорт набояд аз 100 сомонӣ, муъодили даҳ доллари амрикоӣ зиёд шавад.

Қаблан мақомот нархи як симкортро 250 сомонӣ (тақрибан 25 доллар) муқаррар карда буданд ва ин тамсими онҳо дар тобистони имсол бо вокунишҳои муштариён рӯ ба рӯ шуд.

Ғафурҷон Эркаев раиси Анҷумани ширкатҳои мобилӣ, рӯзи гузашта дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки нархи ниҳоии симкортҳо ба камияш то 15-уми декабри имсол ниҳоӣ хоҳад шуд.

Вай дар ин робита афзуд: "Дар масъалаи нарх ҳарфи ниҳоиро Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд. Аммо мо пешниҳод кардем, ки арзиши симкортҳо чандон боло бурда нашавад. Набояд нархи як симкорт аз 10 доллар зиёд бошад”.

Дар ҳар сурат, ба гуфтаи Ғафурҷон Эркаев, тағйирот дар нарх ва истифодаи симкортҳо бояд дар нимаи аввали моҳи декабр мушаххас шавад. Чун ширкатҳо тибқи қоида ду ҳафта пеш муштариёни худро аз тағйирот дар хидматрасониҳо огоҳ мекунанд.

Як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам бе зикри номаш дар суҳбат ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд нархи симкортҳо аз 250 сомоние, ки муқаррар шуда буд, поин оварда шавад.

Хулосаи ниҳоиро дар ин маврид як гуруҳи вижаи корӣ ироа хоҳад кард, ки аз сӯи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Ин гуруҳ дар баробари нарх масъалаи ба ҳар як шаҳрванд додани як симкорт ва маҳрум кардани афроди то 14-сола аз истифодаи симкортро низ баррасӣ мекунад.

Гуфта мешавад, дар масъалаи маҳдуд кардани теъдоди истифодаи симкорт барои як муштарӣ дар гурӯҳи корӣ ихтилофи назар ҷой доштааст. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар оянда операторони телефонҳои мобилӣ ба ҳар як шаҳрванд аз рӯи коди идентификатсионӣ (рақами ягонаи миллӣ) симкорт бидиҳанд.

Мақомот тасмими тағйирот дар нарху тартиби истифодабарии симкортҳоро барои амнияти кишвар муҳим арзёбӣ мекунанд. Масъалаи то ба 250 сомонӣ расонидан ё 50 маротиба боло бурдани нархи симкорт дар тобистони имсол низ баъди чанд ҳафтаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ матраҳ гашт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97