Мутолиъаи (таҳқиқ) ҷадид нишон медиҳад, ки таркиби мавҷуд дар чойи кабуд метавонад бо асароти манфии ношӣ аз режими ғизоии ғарбӣ назири изофаи вазн (фарбеҳӣ), диабети қанди навъи 2 ва амалкарди заъифи мағз муқобила кунад.
Режими ғизоии ғарбӣ мамлуъ (пур) аз гӯштҳои қирмиз (сурх), чарбҳо, қанди тасфия шуда ва карбогидратҳои тасфия шуда аст ва дарбаргирандаи миқдорҳои ками мева, сабзиҷот, ғаллоти комил, ғизоҳои баҳрӣ ва гӯшти мурғ аст.
Муҳаққиқони донишгоҳи “A&F"- и шимоли ғарби Чин исбот карданд, ки усораи чойи сабз мавсум ба “epigallocatechin gallate (EGCG)” мӯҷиби коҳиши мубтало шудан ба инсулин ва ихтилолоти ҳофиза дар гурӯҳи мушҳои тағзияшуда бо режими ғизоии пурчарб ва пурқанд шуд.
Дар ҳақикат “Gallated catchin (GC)” мавҷуд дар чойи сабз аз тариқи фаъолият дар бахше аз системи гувориш, мӯҷиби коҳиши мизони глюкозаи хун ва монеъ аз ҷазби глюкозаи оддӣ дар бофтаҳо мешавад. Ба иборати дигар, ин амалкард ба пешгирӣ аз диабети қанди навъи 2 ва изофаи вазн кӯмак мекунад.
Ба гуфтаи сарпарасти ин донишгоҳ, нӯшидани чойи сабз метавонад ҷойгузини муносибе барои дору дар муқобила бо изофаи вазн (фарбеҳӣ), муқовимат бо инсулт ва ихтилоли ҳофиза бошад.
Муҳаққиқон дар таҳқиқи баъдӣ ба баррасии ин ёфтаҳо бар рӯи инсонҳо хоҳанд пардохт.