Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон 27 ноябри соли ҷорӣ Неъматулло Ҳикматуллозода вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Кевин Коверт кордори сафорати Омрико дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.
Ба гуфтаи ин манбаъ, тарафайн зимни мулоқот вазъи иҷтимоъӣ ва иқтисодии кишвар, аз ҷумла нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, афзоиши истеҳсолот ва содирот, тавсеъаи бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя аз суи ширкатҳои омрикоӣ ба Тоҷикистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Дар поёни дидор вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва кордори сафорати Омрико дар Душанбе омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои самарабахши миёни ду кишвар изҳор доштанд.