Пас аз таниш бо Украина; Русия дар Крим системаи зидди мушакӣ насб мекунад

Хабари хуб 29.11.2018 10:50

Русия қасд дорад ба зудӣ сомонаи (система) зидди мушакии ҷадиди худро дар нимҷазираи Крим насб кунад.

Хабарнигори хабаргузории “Интерфакс” имрӯз бо эъломи ин хабар ба нақл аз вазорати дифоъи Русия навишт, ки ин система аз навъи ракетаи S 400 иборат мебошанд. Ба гузориши ин хабаргузорӣ, ин системаҳо то поёни соли ҷорӣ амалиётӣ хоҳанд шуд.

Хабари ирсоли системаҳои зидди мушакӣ дар ҳоле мунташир мешвад, ки давлати Украина аз рузи сешанбе ҳукумати низомии 30 рӯза дар ин кишвар эълом кардааст. Ин тасмим ба дунболи бурӯзи таниши баҳрӣ миёни Украина ва Русия дар баҳри Сиёҳ иттифоқ афтод.

Нерӯҳои русӣ рузи якшанбе се киштии ҷангии украиниро, ки ба гуфтаи онҳо вориди обҳои сарзаминии Русия шуда буданд, тавқиф ва сарнишинҳои онҳоро боздошт кард. Тарафи Украина ин иттиҳомро қабул надорад.

Ин иттифоқ дар тангаи Керчи баҳри Азов дар шимоли баҳри Сиёҳ дар наздикии соҳили нимҷазираи Крим рух дод.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97