Нишасти Комиссияи байни давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон соли оянда баргузор мешавад

Хабари хуб 29.11.2018 10:21

Нишасти Комиссияи байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Узбекистон, ки интизор мерафт дар миёнаи моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор шавад, ба соли оянда мавқуф гузошта шуд.

Бар тибқи нишондодҳои Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми доду гирифти тиҷории миёни ду кишвар дар 9 моҳи нахусти соли ҷорӣ ҳудуди 219 миллион доллар буда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 2.4 барбар афзоиш доштааст.

Тоҷикистон тай ин давра ба Узбекистон ба миқдори 126.6 миллион доллар коло содир ва аз Узбекистон ба мизони 91.7 миллион доллар маҳсулот ворид кардааст.

Ҷаласаи Комиссияи байни давлатии ҳамкориҳои тиҷории Тоҷикистон ва Узбекистон, ки дар торихи 10 июни соли ҷорӣ таҳти сарпарастии нахуствазирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд дастоварди бузурге дар равобити миёни ду кишвар ба шумор меравад.

Дар ин нишаст ду кишвар дар заминаи лағви режими раводид ва таъйини ҳудуди минтақаи марзии садди неругоҳи “Фаҳод” ба тавофуқ даст ёфтанд.

Дар мавриди масоили марзӣ 2 кишвар тавофуқ карданд, ки минтақаи нерӯгоҳи “Фарҳод” ба Тоҷикистон таъаллуқ хоҳад дошт ва худи ин нерӯгоҳи барқ обӣ дар моликияти Узбекистон хоҳад буд.

Ҳифозати ин нерӯгоҳ ба уҳдаи тарафи тоҷик ва таъмин техникии он бар дӯши Узбекистон гузошта шуд.

Дар поёни ин нишаст Комиссияи байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Душанбе, вазоратхонаҳо ва муассисоти расми ду тараф ба омодасозии пешнависи тавофуқномаи миёни ду кишвар дар заминаи ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои нақлиётӣ, коммуникатсия, тиҷорат, иқтисод ва масоили марзӣ муваззаф шуданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97