Дар Тоҷикистон 13 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад

Хабари хуб 29.11.2018 09:34

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 13 корхона ба тавлиди семент машғул буда, иқтидори солонаи онҳо 4,7 миллион тонна арзёбӣ мешавад.

Бино ба гузориши хабаргузории ТоҷикТа бо истинод аз дафтари матбуъоти Вазорати саноъат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон, ин корхонаҳои тавлиди семент дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя дар ҳаҷми умумии 1,1 миллион тонна семент содирот кардаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30 дар сад бештар аст.

Тоҷикистон тай ин муддат аз ҷумла 670 ҳазор тонна семент ба Узбекистон, 423 ҳазор тонна ба Афғонистон ва 80 ҳазор тонна ба Қирғизистон содир кардааст.

Содироти семент ба кишварҳои ҳамсоя аз тарафи ширкатҳои ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент”, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” ва “Чунгтсай Моҳир семент” анҷом дода мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон давоми 10 моҳи соли гузашта 842 ҳазор тонна ва ҳамин давраи соли 2016 ҳамагӣ 282 ҳазор тонна семент содирот карда буд.

Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ корхонаҳои Тоҷикистон дар мамӯъ 3,2 млн. тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28% зиёдтар мебошад.

Давоми 10 моҳи соли 2017 дар ҷумҳурӣ 2,5 миллион тонна семент тавлид шуда буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97