"Тоҷик Эйр" барои таъхири парвозҳо аз мусофирон узрхоҳӣ кард

Хабари хуб 29.11.2018 09:32

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" барои таъхири парвозҳо аз мусофирон расман узрхоҳӣ кард.

Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкат хабар дод, ки 28 ноябр ба далели номусоидии вазъи ҳаво ҳавопаймои самти Москва-Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст. Дар ниҳоят мусофирони самти парвози Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Москва натавонистанд, дар фурсати муайяншуда ба манзилу макони худ расанд.

"Аз номи ширкати "Тоҷик Эйр" мо аз ҳамаи мусофирони ду парвози зикршуда маъзаратхоҳӣ мекунем", - мегӯяд Азиз Хайруллоев.

Ба иттилои ширкат, соати 08:00 рӯзи 28 ноябр сабти мусофирон ба ҳавопаймои Душанбе-Хуҷанд шуруъ шуд, аммо ҳавопаймо соати 22:30 дақиқаи рӯзи 28 ноябр парвоз карданд.

"Барои ба эътидол овардани парвозҳо ширкати "Тоҷик Эйр" тасмим дорад, ки дар фурсатҳои наздик се ҳавопаймои навъи Bombardier, як ҳавопаймои навъи CRJ-200 ва ду ҳавопаймои навъи Bombardier CRJ – 900 харидорӣ кунад", - иттилоъ дод Азиз Хайруллоев.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97