Ҳайати 12 нафарии давлати Афғонистон барои музокира бо Толибон

Хабари хуб 29.11.2018 09:00

Рӯзи 28-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Женева Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки як ҳайати 12-нафариро барои музокироти сулҳ бо Толибон равона хоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳангоми суҳат бо хабарнигорон дар конфронси зери сарпарастии СММ гуфт, сардори дафтари идораи раёсатҷумҳурии Афғонистон раҳбарии ҳайати музокиракунандаро бар уҳда хоҳад дошт.

Ашраф Ғанӣ дар идомаи суханонаш тасреҳ кард, ки дар ҳамин чаҳорчӯб як шӯрои машваратӣ низ таъсис хоҳад шуд, ки дар он намояндагони 9 кумитаи мухталиф шомил хоҳанд шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон низ дар ин замина изҳор дошт, ки иқдомҳои ҳукумат аз панҷ марҳила иборат хоҳанд буд; ибтидо музокироти миёни тарафҳои афғон, сипас машварат бо Покистон, Амрико ва дигар кишварҳои муҳимми минтақа. Ҳамчунон дар ин машваратҳо кишрварҳои арабӣ, паймони НАТО ва муттафиқони паймони НАТО ҳамроҳ мешаванд.

Федерика Могрини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо дар нишасти Женева бо ҳимоят аз оғози музокирот гуфт: “Афғонистон дар яке аз хатиртарин давраҳои таърихи хеш қарор дорад ва имрӯз, ки шурӯъи музокирот мушаххас ва муъайян мешавад, барои Кобул аз ҳар замони дигаре заруритар аст”.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97