Узбекистон ба узвият Созмони байналмиллалии муҳоҷират пазируфта шуд

Хабари хуб 28.11.2018 15:13

Маркази матбуъотии Созмони байналмиллалии муҳоҷират аз пазируфта шудани Ӯзбекистон ба унвони 173- умин кишвари узви ин созмон хабар дод.

Дар нишасти 109-умини шӯрои Созмони байналмиллалии муҳоҷират, ки рӯзи 27 ноябри соли ҷорӣ дар Женева баргузор гардид, дархости Ӯзбекистон дар мавриди шомил шудан ба ин созмон пазируфта шуд

Антонио Виторино мудири кулли ин созмон дар робита ба ин мавзуъ изҳор дошт; "бо изҳори хушнудии амиқ ман Ӯзбекистонро ба узвияти СБМ хайрамақдам мегӯям. Кишвари шумо яке аз роҳҳои қадимӣ ва муваффақонаи тиҷорати ҷаҳониро дар худ дорад, ки аз қадимулайём муҳоҷирон аз он убур мекарданд”.

Дар ҷаласаи охири шӯрои СБМ Ӯзбекистонро Баҳодур Низомов муовини вазири шуғли аҳолӣ ва равобити кори ин кишвар намояндагӣ кард.

Ӯзбекистон яке аз кишварҳои пур ҷамъияти Осиёи Марказӣ ва кишваре, ки бештар аз кишварҳои дигари минтақа муҳоҷири корӣ дорад, охирин кишвари Осиёи Марказӣ буд, ки ба узвияти Созмони байналмиллалии муҳоҷират пазируфта шуд.

СБМ бар ин бовар аст, ки рушди иқтисод дар Ӯзбекистон дар оянда боис хоҳад шуд, ки муҳоҷирон аз давлатҳои дигар ба ин кишвар барои кор сафар хоҳанд кард.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97