Сомонаи Sporting Intelligence ҳаҷми маъоши миёнаи футболбозон дар саросари ҷаҳонро барои соли 2018 мунташир кард.
Аз ҳама маъоши баланд футболбозони лигаи олии Англия мегиранд. Ҳаҷми маъоши миёнаи онҳо дар як сол 3,93 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ба сегонаи аз ҳама маъоши баланд лигаи Испания (2,89 миллион доллар) ва серияи А-и Италия (1,99 миллион доллар) низ шомиланд. Лигаи олии Қазоқистон дар ин раддабандӣ мақоми 25-умро ишғол кардааст, ки ҳар як бозигари он солона ба ҳисоби миёна 148 ҳазор доллар музд дарёфт мекунад.
Ҳамин тариқ, нишондодҳои чемпионати Қазоқистон аз нишондодҳои Куриёи Ҷанубӣ, Лаҳистон, Австралия ва Хорватия баландтар аст. Ӯзбекистон шомили раддабандии мазкур нашудааст.
10 кишваре, ки бозигарони лигаҳои олияшон аз ҳама маъоши баланд дар солро мегиранд:
Англия – $3,93 млн;
Испания – $2,89 млн;
Италия – $1,99 млн;
Олмон – $1,83 млн;
Фаронса – $1,3 млн;
Чин – $1,05 млн;
Русия – $877 ҳазор;
Туркия – $864 ҳазор;
Бразилия – $670 ҳазор;
Канада – $519 ҳазор.