Бино ба гуфтаи мақомоти афғон, дар натиҷаи амалиётҳои ҷудогона дар шарқи Афғонистон даҳҳо нафар аз ҷангҷӯёни Толибон ва Доъиш кушта шуданд.
Яке аз ин амалиётҳо дар минтақаи Хӯгиёнии вилояти Нангарҳор сурат гирифта ва Атоуллоҳи Хӯгиёнӣ сухангӯи волии Нангарҳор мегӯяд, ки дар он 28 нафар аз афроди гурӯҳи Толибон кушта шудаанд.
Ба гуфтаи вай, дар ин амалиёт ба нерӯҳои амниятии Афғонистон ва ғайринизомиён осебе нарасидааст.
Як мақоми дигари афғон, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, ки се фармондеҳи гурӯҳи Толибон ба номҳои Убайд, Ҷонбоз ва Мухлис дар миёни кушташудагони ин амалиёт ҳастанд.
Гурӯҳи Толибон ин иттилоъотро нодуруст унвон карданд.
Мақомоти афғон ҳамчунин гуфтаанд, ки дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоӣ ва заминӣ дар минтақаи Ачини вилояти Нангарҳор 30 нафар аз ҷангҷӯёни вобаста ба Доъиш кушта шудаанд.
Гуфта мешавад, ки шуморе аз ҷангҷӯёни хориҷӣ низ дар миёни кушташудагон ҳастанд ва ҷасадҳои онҳо дар ҷои ҳамла боқӣ мондаанд.
Ҳамин тавр, ин ҳамалот дар манотиқи Абдулхайл, Боғдара ва дигар манотиқи вулусволии Ачин анҷом шуда ва дар он ду маркази фаъолияти Доъиш низ аз байн рафтааст.
Гурӯҳи Доъиш то ҳанӯз ба ин гузориш вокунише нишон надодааст.