Лавров дар дидор бо ҳамтои фаронсавиаш: Украина бояд аз таҳрики Русия даст бардорад

Хабари хуб 28.11.2018 10:17

Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия ва Жан-Ив Лудриан ҳамтои фаронсавиаш рӯзи сешанбе бо ҳадафи афзоиши ҳамкориҳои ду ҷониба дар Париж пойтахти Фаронса дидор карданд.

Вазири хориҷаи Русия дар конфронси хабарӣ пас аз мулоқоти ду ҷониба гуфт, ки Фаронса яке аз шарикони байналмиллалии калидии Русия аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар иртибот бо ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин дар ҳавзаҳои фарҳангӣ ва муҳити зистӣ, гароиш ва дидгоҳҳои мусбате миёни ду тараф вуҷуд дорад.

Лавров ҳамчунин дар бораи тавқифи се киштии ҷангии украинӣ гуфт, ки ба ҳамтои фаронсавиаш тавзеҳ додааст, ки ин рухдод ба далели таҳрикҳои Киев алайҳи Русия иттифоқ афтодааст ва агар муттаҳидони урупоӣи Киев хостори онанд, ки ин рухдодҳо пеш наояд бояд ба мақомоти Украина бигӯянд, ки даст аз таҳрикоташон бардоранд.

Вазир хориҷаи Фаронса низ дар ин конфронси хабарӣ гуфт, ки ихтилофоти зиёде миёни Фаронса ва Русия ба вижа дар ҳавзаҳои амниятӣ ва иқтисодӣ вуҷуд дорад. Вай ҳамчунин шароит дар баҳри Азов (байни Украина ва Русия дар шимоли баҳри Сиёҳ, ки таниши ахир миёни Украина ва Русия дар он ҷо иттифоқ афтодааст) ва шароити Идлиби Сурия ба унвони ду мавзуъи мавриди ихтилофи миёни ду тараф ном бурд.

Вазир ҳориҷаи Фаронса ҳамчунин гуфт, ки аз Русия хостааст, ки киштиҳо ва маллоҳони украниро озод кунад.

Дидори рӯзи гузаштаи миёни ду тараф дар чорчӯби гуфтугӯҳое мавсум ба “Тарионан” анҷом мешавад, ибтикоре, ки дар моҳи май соли 2017 тавассути Эммануел Макрон раиси ҷумҳури Фаронса ва Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия сурат гирифт ва ҳадафаш беҳбуди равобити миёни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф унвон шуда буд.

Вазири хориҷаи Русия дар бораи танишҳо бо Украина гуфт, ки Русия бисёр нигарони дахолатҳо ва таниши ҳуқуқи ақаллиятҳо дар Украина аст. Вай афзуд, ки Русия бисёр умедвор аст, Иттиҳодияи Урупо битвонад боъис шавад Украина ҳуқуқи ақаллиятҳоро риъоят кунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97