Раиси Бонки тавсеъаи АвруОсиё гуфт: ин бонк дар назар дорад то иқдомоти ҷадиде барои афзоиши мубодилоти тиҷории байни кишварҳои аъзои ин иттиҳодия бо истифода аз пули миллии онҳо сурат диҳад.
Андрей Белянинов раиси Бонки тавсеъаи АвруОсиё дар чорчӯби 13- умин давраи конфронси байналмиллалӣ бо мавзуъи “ҳамгироӣӣ иқдисодии АвруОсиё” дар Маскав изҳор дошт: Бонки тавсеъаи АвруОсиё маҷмуъаи иқдомоти ҷадид барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ байни кишварҳои аъзои ин иттиҳодия бо истифода аз пули миллии ин кишварҳоро роҳандозӣ мекунад.
Ба гуфтаи вай, барои тавсеъаи пули миллӣ дар марҳилаи аввал иртибототи байни бонкҳо аз тариқи эҷоди сомонаи гардиши иттилоъот дар бораи вазъияти бахши молӣ тақвият мешавад.
Белянинов тасреҳ кард, барои риъояти манофеъи иқдисодии кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бояд бонкҳои миллӣ алоқаманди ҳамкории бештар дошта бошанд, зеро иқдомоти мазкур мунҷар ба тақвияти пули миллӣ ва коҳиши нақш доллар мешавад.
Вай афзуд, эҷоди сомонаи муштарак барои гардиши озод ва пули миллии кишварҳои иттиҳодия ҳадафи аслии Бонки тавсеъа АвруОсиё аст, ки ин омил нақши калидӣ дар ҳамгироӣи иқдисодӣ дорад.
Бонки тавсеъаи АвруОсиё ба ибтикори давлати Русия ва Қазоқистон дар моҳи январи соли 2006 бо ҳадафи кӯмак барои тавсеъаи иқдисоди кишварҳои узви иттиҳодияи мазкур ва густариши равобити тиҷорӣ- иқтисодӣ таъсис шуд, ки будҷаи ин бонк 7 миллиард доллар аст.
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳамакунун аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст.
Маҷмуъи масоҳати кишварҳои узв ин иттиҳодия беш аз 20 миллион километри мураббаъ, ҷамъияти он беш аз 180 миллион нафар ва тавлиди нохолиси дохилии он дар соли 2013 ҳудуди 4 ҳазор миллиард доллар аст.
Дар чорчӯби ин иттиҳодия, аъзои он мувофиқати худро бо тараддуди озоди коло, сармоя, нерӯи кор ва хадамот дар марзҳои АвурОсиё эълом карданд. Аъзои АвруОсиё ҳамчунин эълом карданд, ки сиёсати муштараке дар заминаи энержӣ, санъат, кишоварзӣ ва васоили нақлия хоҳанд дошт.