Афзоиши 10 дар садии мубодилаи тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия

Хабари хуб 19.11.2018 15:01

Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 10,3 дарсад афзоиш ёфта  ба 845 миллион доллар расидааст.

Бино ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, ин ду кишвар дар 10 моҳи соли 2018 ба арзиши тақрибан 845 миллион доллар доду гирифт карданд.

Русия содиркунандаи аслии мол ба Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон беш аз 30 дарсади кулли молу колои воридотиро аз Русия дарёфт мекунад.

Аз Русия ба Тоҷикистон аслан маводи сӯхт ва маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешавад.

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 102 кишвари ҷаҳон доду гирифт кардааст. 

Бояд зикр кард, ки воридкунандаи аслии дигари молу коло ба Тоҷикистон ин кишвари Қазоқистон мебошад. Беш аз 28 дарсади кулли молу колои содиротии Тоҷикистон ба Қазоқистон рост меояд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97