Ронандаи қирғиз 8 соат мунтазир монд, то ҳамёни сокини Москваро баргардонад

Хабари хуб 19.11.2018 08:59

Сокини шаҳри Москва Варя Бортсова гуфт, чи гуна ронандаи таксӣ аз Қирғизистон ӯро ҳашт соат дар ҳавои сард мунтазир шуд, то ҳамёнашро баргардонад.

Бортсова дар Фейсбук навишт, ки соати панҷи субҳ ӯро як ронандаи қирғиз аз фурудгоҳ ба хонааш овард ва танҳо соати 13:00, баъд аз хоб бедор шудан фаҳмид, ки ҳамёнашро бо пулу кортҳои бонкӣ дар таксӣ фаромуш кардааст.

"Вақте ман тасмим гирифтам, кортҳои бонкиро бандаму раванди мушкили барқарор кардани ҳуҷҷатҳоро тасаввур мекардам, падарам аз тиреза ба берун нигоҳ карда, гуфт, "ин бачае, ки назди мошини таксӣ истодааст, туро аз фурудгоҳ наоварда буд?" Ман зуд ба берун рафтам ва дидам, ки воқеан ҳам ин ҳамон ронанда аст", - мегӯяд Бортсова.

"Шумо дар куҷо будед? Магар ин қадар хоб мераванд? Хеле сармо хурдам, гуфт ронанда. Ман гиря кардам ва аз чашмони ӯ низ ашк мерехт. Садоқати ин мард боварнакарданист", - афзуд сокини Москва.

Варя Бортсова дар аввал гуфт, фаромуш кард, номи ронандаро бипурсад, вале дертар дар шарҳҳо навишт, ки ӯ Кайрат Тентимишев ном дорад.

"Ман соли 2014 барои коре якшабонарӯз дар шаҳри Бишкек будам, вақт хеле кам буд. Пас аз ин ҳодиса хеле мехоҳам, дубора ба Қирғизистон биравам. Ин як муъҷиза аст", - гуфтааст духтари рус дар суҳбат бо расонаҳо.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97