Мухолифати сарвазири Голландия бо ташкили «Артиши урупоӣ»

Хабари хуб 17.11.2018 09:38

Марк Рютте сарвазири Голландия яке аз аъзои иттиҳодияи Урупо бо идеяи ташкили «Артиши урупоӣ», ки аз суи Эммануел Макрон раиси ҷумҳури Фаронса матраҳ ва аз суи Ангела Меркел садри аъзами Олмон ҳимоят шуд, мухолифат кард ва гуфт, то замоне, ки НАТО ҳаст Урупо ниёзе ба ташкили артиши муштаракро надорад. Вай гуфт, ин идея барои Голландия дар аввлавият қарор надорад ва эълом кард, ҳастаи аслии дифоъи Урупо ҳамчунон Сомони паймони Атлантикаи шимолӣ, яъне НАТО хоҳад монд.

Кишвари Португалия низ бо идеяи ташкили Артиши урупоӣи Макрон мухолифат кардааст.

Коршиносон мегӯянд ихтилоф дар ин замина дар нишасти баъдии раҳбарони урупоӣ дар моҳи декабр сли ҷорӣ метавонад чолиш барангез бошад. Чаро ки ду тан аз қудратмандтарин раҳбарони урупоӣ Олмон ва Фаронса хоҳони ташкили чунин артиш ҳастанд. Меркел натанҳо аз идеяи тасиси артиши урупоии Макрон истиқбол кард, балки дар суханронии худ дар порлумони Урупо эълом кард, ки Урупо бояд як Шӯрои амнияти хоси худро дошта бошад.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Омрико низ пас аз эъломи ин идея бо ташкили чунин артише мухолифати ҷиддӣ кард ва эълом кард, ки Артиши урупоии Макрон метавонад дар муқобили Омрико, Чин ва Русия биистад. Доналд Трамп пешниҳоди ташкили Артиши урурпоӣ аз суи раиси ҷумҳури Фаронсаро тавҳиномез унвон кард.

Ин дар ҳоле аст, ки охири моҳи сентябри соли ҷорӣ идеяи таъсиси артиши ягонаи Иттиҳодияи Аврупоро Эммануэл Макрон раиси ҷумҳури Фаронса пешниҳод карда буд. Вай он замон гуфт, мо бояд худро аз Чин, Русия ва ҳатто ИМА ҳифз кунем.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97