Ҷавобгар шудани ҷангалбон

Хабари хуб 04.05.2016 18:26

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура ҳолати иҷрои қонунгузории ҷангалро дар шаҳри Ҳисор мавриди санҷиш қарор дода, муайян намудааст, ки ҷангалбони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҳисор Бобокалонов А.К. бо суистифода аз мақоми хидматӣ моҳи ноябри соли 2015 худсарона ду адад дарахти сабзи навъи Акатсияро, ки дар ҷангалзори минтақаи Алмосӣҷойгир буда, қутри кундаи якеаш 40 см ва дигараш 43 см-ро ташкил медод, ғайриқонунӣ бурида, ба хоҷагии ҷангал 1560 сомонӣ зарар расонидааст.

Аз рӯи ин ҳолат нисбати Бобокалонов А. К. бо моддаи 234 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, бо он тафтишоти пешакӣ идома дорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97