Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Тоҷикистон дар Ирон ба шаҳри Машҳад, маркази устони Хуросони Разавӣ рафта, бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Фирдавсӣ ва устодони онҳо мулоқот кардааст.
Ба гузориши Садои Хуросон, Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Тоҷикистон дар Ирон дар дидори худ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, зимни ташаккур аз заҳамоти устодон барои таълиму тадриси донишҷӯёни тоҷик, ҳамчунин бо шароиту имконоти таҳсил дар ин донишгоҳ ошно шудааст. Сафир барои расидагӣ ба мушкилоти донишҷӯёни тоҷик эъломи омодагӣ кардааст.
Зимни ин мулоқот, устодони Донишгоҳи Фирдавсӣ иттилоъ доданд, ки аз 17 кишвари ҷаҳон донишҷӯён дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд ва аз тамоми риштаҳои улум, ба ҷуз риштаи пизишкӣ, дар ин донишгоҳ тадрис мешавад ва ин донишгоҳ ҷузви 10 донишгоҳи бартари Ирон маҳсуб мешавад. Гуфта шуд, ки дар ин донишгоҳ 20 ҳазор донишҷӯи иронӣ ва 1400 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Ба гуфтаи масъулони Донишгоҳи Фирдавсӣ, феълан 19 донишҷӯи тоҷик дар ин донишгоҳ дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла улуми сиёсӣ, иқтисод, муҳандиси умрон, равоншиносӣ, муҳандис-механик ва дигар риштаҳо таҳсилро идома медиҳанд.
Сафири Тоҷикистон дар Ирон ҳадаф аз ин сафарро мулоқот бо донишҷӯён ва ошноӣ бо шароиту имконоти тадриси онҳо арзёбӣ карда, ҳамзамон таъкид дошта, ки истифода аз дастовардҳои илмӣ-фанноварии Ҷумҳурии Исломии Ирон, ки ирониён бо вуҷуди фишорҳои фаровон дар тӯли 37 соли гузашта, ба даст овардаанд, барои донишҷӯёни тоҷик муфиду судманд аст.
Неъматуллоҳ Имомзода гуфт, Тоҷикистон ба кадрҳое, ки Донишгоҳи Фирдавсӣ ва дигар муассисаҳои олии Ирон омода мекунанд, ниёз дорад ва донишҷӯёни тоҷик бояд таҳсилро ҷиддӣ бигиранд то дар оянда дар рушди бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон саҳми худро бигузоранд.
Масъулони Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад дар баробари шунидани шикоёти донишҷӯён ва ваъдаи расидагӣ ба мушкилот, ҳамчунон барои қабули донишҷӯёни бештар аз Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд ва ҳамзамон тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-омӯзишӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон бо Донишгоҳи Фирдавсии Машҳадро хостор шудаанд.