Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд, бо ҳадафи арҷгузорӣ ба заҳамоти омӯзгорон ва дастпарварони онҳо, ки ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ мегарданд, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз мешаванд.
Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 18 апрели соли 2016, №176 ба тасвиб расидааст.
Тибқи ин қарор толибилм ё донишомӯзе, ки дар олимпиадаи мамолики хориҷи дур сазовори медали тило мешавад, бо 25 ҳазор сомонӣ ва омӯзгори ӯ низ бо 25 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ мешавад.
Толибилме, ки дар олимпиадаи мамолики хориҷи дур сазовори ҷои дуюм мегардад, бо 15 ҳазор сомонӣ ва омӯзгори ӯ низ бо 15 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи медали нуқра дар олимпиадаи мамолики хориҷи дур бо 10 ҳазор сомонӣ ва омӯзгори ӯ низ бо 10 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ мешавад.
Ҳамин тариқ толибилме, ки дар олимпиадаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷои аввалро мегирад, соҳиби 10 ҳазор сомонӣ ва устоди ӯ низ 10 ҳазор сомонӣ мукофот хоҳад гирифт.
Соҳиби медали нуқра ва омӯзгори ин толибилм ҳар кадом 5 ҳазор сомонӣ ва толибилме, ки медали биринҷӣ ба даст меорад ва устоди ӯ ҳар кадом 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳанд кард.