550 нафар дар соли 2014 дар Тоҷикистон аз ҷони ширини худ безор шудаанд

Хабари хуб 30.01.2015 19:21

hudkushi 11Бино ба омори Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон (ВКД) дар соли 2014 550 сокини кишвар, аз ҷумла 95 нафар ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд. Аммо тавзеҳ нашудааст, ки чанд нафар тавонистаанд аз талош ба худкушӣ ҷони солим ба дар бибаранд.

ВКД мегӯяд, ҳарҷанд ин омор дар муқоиса бо як соле қабл 18 маврид камтар буда, вале омори худкушӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Бахусус худкушӣ дар миёни ноболиғон ва навҷавонон дар кишвар боиси нигаронии мақомоти дахлдор дар солҳои охир шудааст. Ҳудуди 50 дарсади афроде, ки қасди ҷони худ кардаанд, занон, аз ҷумла духтарони зери синни қонунӣ ҳастанд.

ВКД ангезаҳои даст задани афрод ба худкуширо ифшо накардааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97