Як гурӯҳ аз донишҷӯёни факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ирсоли номае аз шаҳрдори Душанбе - Маҳмадсаид Убайдуллоев хостаанд, барои арҷгузорӣ ба Аҳмадшоҳ Масъуд кӯчаеро дар пойтахт ба номи ӯ бигузорад.
Донишҷӯён дар номаи худ аз корномаву хидматҳои Аҳмадшоҳ Масъуд барои барқарории субот дар Тоҷикистон ҳам ёдоварӣ кардаанд. "Яке аз шахсиятҳое, ки барои халқи шарафманди тоҷик хидматҳои арзандае кардааст, Аҳмадшоҳ Масъуд аст ва ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои истиқрори сулҳ ва ризоияти милливу паноҳандагии гурезаҳо ва бозгашти онҳо ба Тоҷикистон мусоидат кардааст",-гуфта шудааст дар нома.
Шоҳрух Каримов, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи миллӣ ва яке аз муаллифони нома мегӯяд, онҳо аз корнамоӣ ва шахсияти Аҳмадшоҳ Масъуд, аз тариқи қиссаҳои омӯзгорону адабиёти мухталиф огоҳ шудаанд. Аммо тасмими ироаи чунин як пешниҳод ба шаҳрдорӣ дар зеҳни ҷавонон, баъд аз мутолиаи китобе бо номи "Размоварони ҳиндукуш"-и Мирзо Шукурзода пайдо шудааст.
Мактуби ин ҷавонон ба унвони раиси шаҳри Душанбе - Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 15-уми январи соли ҷорӣ ирсол шудааст. Ин ҷавонон умед доранд, баъд аз 10 рӯз, яъне мӯҳлате, ки барояшон қонун муайян кардааст, посухи мусбат хоҳанд гирифт.
Барои бори аввал аст, ки гурӯҳе расман бо чунин пешниҳод ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат мекунанд. Вале қаблан дархостҳо дар бораи ба осорхона табдил додани хонаи Аҳмадшоҳ Масъуд дар Душанбе зиёд матраҳ буд. Бархе аз зиёиёни тоҷик дар ҳамоише дар Душанбе, ки дар он бародарону наздикони Масъуд ҳам ширкат доштаанд, хоста буданд, хонае дар Душанбе, ки сипаҳсолор дар он зистааст, ба осорхонаи ӯ табдил дода шавад.
Ин хона, дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе воқеъ аст ва Аҳмадшоҳ Масъуд ҳангоми дар Тоҷикистон будан он ҷо меҳмонҳои худро қабул кардаву мулоқоти корӣ анҷом медодааст. Саидамир Зуҳуров, вазири собиқи амнияти Тоҷикистон, ки бо Аҳмадшоҳ Масъуд, равобити хуби кориву муносибати наздики хонаводаӣ доштааст, мегӯяд, бародарони Масъуд ҳам талош доштанд, ин ташаббусро амалӣ ва осорхоани ӯро бунёд кунанд. "То ҷое медонам, бародарону ҷиянҳояш ҳаракат доштанд, хонаи ӯро осорхона кунанд ва баъзе мавод ҳам ҷамъ карда буданд. Аммо дигар чӣ шуд, нашуд, ноогоҳ мондам. Вай хона хонаи бузург нест ва агар осорхона мешуд, маводи хубе мешуд дар он гирд овард",-гуфт Зуҳуров.
Аммо хонае, ки аксарият чун манзили сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд мешинохтанд, манзили 18 дар кӯчаи Карамови Душанбе аст. Дар ин хона беш аз 10 сол аст, касе зиндагӣ намекунад ва ҳоло қариб, ки фарсудаву валангор шудааст.