«МегаФон» 50 деҳоти хурди ВМКБ-ро бо иртибот таъмин кард

Хабари хуб 17.11.2014 17:16

Bs pamirДар ноҳияи Рӯшон истгоҳи нави иртиботи бесими “МегаФон” ба фаъолият шурӯъ кард. Ба шарофати ин, сокинони деҳаи Деҳ барои нахустин бор имкон пайдо карданд, ки аз хизматрасониҳои иртиботи бесим истифода бибаранд. Ҳамагӣ наздики 50 деҳоти хурд ва дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иртиботи “МегаФон” таъмин карда шуданд.

Ахолии деҳаи Деҳ – 300 нафар аст. Ба ғайр аз ин, дар ноҳияи мазкур дар ҳоли ҳозир нерӯи барқи электрикӣ мавҷуд нест. Ба ин нигоҳ накарда “МегаФон” тасмим гирифт, ки дар ин маҳал ИИБ насб намояд. Барои нигоҳ доштани қобилияти кории таҷҳизот бидуни шабакаҳои барқӣ ИБ бо генератори дизелӣ муҷаҳҳаз шудааст.

«Мо ба чанд ширкати мобилӣ ҷиҳати таъмини аҳолии деҳоти хурд бо иртиботи бесим дархост карда будем. Дархости моро танҳо “МегаФон” пазируфт, - мегӯяд Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон. – Мо медонем, ки дар минтакаи мо ИИБ нисбатан камдаромаданд, бинобар ин мо ба “МегаФон” миннатдории махсусро баён мекунем”.

Дар наздикии Деҳ боз як деҳаи дигар бо номи Шпад мавҷуд аст, ки он ҷо низ ду сол қабл ИИБ “МегаФон” насб карда шуда буд. Дар ин ҷо ҳамагӣ 40 хона воқеъ буда, ҳамчунин нерӯи барқ мавҷуд нест. Аммо мисли дигар 50 деҳаҳои хурди ВМКБ иртиботи мобилӣ аз “МегаФон” мавҷуд аст. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97